СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №26

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо дастгириҳои аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф дар доираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими нозоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 оғоз шуданд. Корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагии муассисаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, истодааст ва ҳамзамон дар доираи амалиёти “Мактаби ман” сокинон ва хатмкунандагони сину соли гуногуни ин мактаб мақсад доранд, ки дар ин кори созанда кумаки худро расонанд. Айни замон корҳо дар зербинои синфхонаҳо рафта истодаааст. Шумои синфхонаҳои сохташаванда 6 ададро ташкил медиҳад. Барои дар сатҳи зарури анҷом додани корҳои бетонии зербино масолеҳи сохтмони омода мебошад. Дар кори сохтмон мутахассисони маҳалӣ ҷалб карда шудаанд.