БАРНОМАИ БОШУҚУҲИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 ҷорабинии тантанавӣ ба истиқболи ҷашни 32 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур Директори муассиса Салимаов Наҳтуло бо маърузаи пурмазмуни хеш суханрони намуда қайд карданд, ки Ватани маҳбуб ва ғояҳои баланди истиқлолияти давлативу Ваҳдати миллӣ тарбият ёбад. Асрҳои гузаштаи таҷрибаи инсоният собит намудаанд, ки иродаи мустаҳками давлат, ягонагиву муттаҳидӣ барои ташаккули шахсиятҳои худшинос ва беҳбуд бахшидани вазъ дар ҷомеа аҳаммияти аввалиндараҷа доранд, ҳамон гуна, ки меъморе тарҳи биноеро мекашад, ки сохтмони онро бо сифати баланд анҷом додан кори дастҷамъонаву ҳамагон аст. Ҳамон тавре ҳаёт исбот кардааст, ирода бошад, роҳ ҳатман ёфт мешавад. Муттаҳидӣ бошад, пешравӣ мешавад, хайрхоҳӣ нисбат ба якдигар бошад, дӯстӣ ва рафоқати самимӣ мешавад, зеро комёбии ҳамешагӣ сарҷамъӣ мехоҳад. Мо, мардуми куҳантамаддуну соҳибфарҳангу маорифпарвари Тоҷикистон, новобаста аз тафовути қишру фаъолият бояд дар атрофи Пешвои муаззами миллатамон муттаҳид шуда, Ватани худро бо истифода аз тамоми имконият обод намоем.Ҳамзамон дар идома ҷорабинии фарҳангӣ бо иштироки хонандагони муассисаи мазкур баҳри ҳозирин намоиш дода шуд. Хонандагон бо шеъру таронаҳои ватандӯстонаи худ хотири ҳозиринро болида гардониданд.