ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи нақша чорабиниҳои омодагӣ ба истиқболи сазовари ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ вусъати тоза касб намуда, бо маром идома дорад. Дар радифи даҳҳо  иншооти бунёдшаванда ҳамчунин роҳравҳо  дар  кӯчаҳо сафолакпуш карда мешаванд.  Айни  замон   корҳои  сафолакпуш намудани гирду атрофи манораи монументали дар Ҷамоати шаҳраки Фархор бо маром идома дорад.Сафолакпуш кардани роҳҳои пиёдагарди назди марказҳои савдо ва хизматрасонӣ назди бинои истиқоматӣ бори дигар сокинонро барои тозаву озода нигоҳ доштани ҳудуди шаҳрак ва ҷамоатшои деҳоти ноҳия руҳбаланд намуда, ба  корҳои  ободонию созандагӣ  талқин  мекунад. Сотхмони иншоотҳои гуногуни маишию ичтимоӣ бо дастуру супоришҳои аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода дар ноҳия роҳандозӣ шуда бо суръат пеш меравад.