НАМОИШИ КИТОБ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ дар намоиши китоб ва ҳунарҳои мардумии ноҳияи Фархор бахшида ба истиқболи сазоворӣ ҷашни 32 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштириок намуданд.

Дар чорабини мазкур ҳимзамон муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия Раҳимзода Раъро, муовини раиси ноҳияи Фархор Раҳматуллозода Дилбар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Вализода Муҳаммад ва як қатор мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор иҳтирок доштанд.
Дар намоиш аз ҷумла, асарҳои намояндагони адабиёти классикии тоҷик - «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ, «Девони ашъор»-и Носири Хусрав, «Гаршоспнома» - и Асадии Тусӣ, «Девони ғазалиёт» - и Камоли Хуҷандӣ, асарҳои намояндагони адабиёти муосир – «Одина» - и Садриддин Айнӣ, «Мунтахаби осор» - и Саттор Турсун, «Сояи нур»-и Муҳаммад Ғоиб, «Дар чодари сафеди моҳтобӣ» - и Гулназар К.,  ва китобҳои зиёди публитсистӣ ва бачагона ба намоиш гузошта шуданд.
Инчуниш дӯстдорони китоб имкон доштанд асарҳои дилхоҳашонро мувофиқи шавқу завқи худ дастрас намоянд.
Китоб маҳзани илму фарҳанг, манбаи дониш, воситаи тарбияи ҷавонон ва умуман инсоҳа ба ҳисоб меравад. Ин нуктаҳо дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ таъкид гардиданд: «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳимми илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».Дар қисмади дигари толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2- и ноҳия намоиши ҳуранҳои мардумӣ ва дастранҷи занону бонувони чеҳрадасти фархорӣ ба намоиш гузошта шуданд, ки меҳмонон аз онҳо дидан намуданд. Намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар рафаи иду ҷашнҳои давлатӣ барои бедор намудани завқу ҳаваси ҷавондухтарон ба корҳои хонагӣ аз қабиди духтани чакан, қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ, сӯзанизанӣ ва дигар касбу коре, ки ба мо аз гузаштагонамон меърос мондааст заминаи боетимод хоҳад буд.Бешубҳа, баргузории чунин чорабиниҳо, ба тарғиби китобхонӣ барои баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ мусоидат намуда, махсусан ба тарбияи насли наврас таъсиргузор аст ва бо ҳамин восита мо метавонем ҷавононро, ки неруи созандаи ҷомеа мебошанд, дар рӯҳи худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ахлоқи баланди маънавӣ тарбия намоем.