САҲМИ АЪЗОИ ФАЪОЛИ ҲХДТ ДАР КАРҲОИ ОБОДОНӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо корбарии вакили Маҷлиси вакилони халки ноҳияи Фархор, директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 Ятимова Рухшона корҳои ободонӣ дар ҳудуди муассиса идома доранд.Дар муасссиа мазкур бо дастгирӣ ва саҳмгузории хатмкунандагони сину соли гуногун дар доираи амалиёти муштараки “Мактаби ман” сохтмони синфхонаҳои иловагӣ рафта истодааст. Айни замон масъулин ба васлу насби панҷараҳои оҳанин дар атрофи муассиса машғуланд. Корҳои сохтмонӣ бо тариқи ҳашар аз тарафи сокинони деҳаи Навобод ки фарзандонашон дар ҳамин муассиса таълим мегиранд роҳандозӣ шуда истодааст.