“РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ” ОЗМУНИ ИНШОИ БЕҲТАРИН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо корбарии масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳия дар робита ба  истиқболи сазовори 32 – солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни хонандагон озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Рӯзи Истиқлолият” баргузор карда шуд.Озмуни мазкун дар асоси нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба баргузории чорабиниҳои сиёсию маърифати бахшида ба 32 – солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии ноҳия гузаронида шуда, иншоҳои навишташудаи интирокчиён ҷамъовари карда мешавад ва аз тарафи кумитаи тадорукот тибқи низомномаи озмун санҷида шуда, ғолибон муайян карда мешаванд. Ба ғолибон дар маросими тантанави Сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотирмони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ супорида мешавад.