ИДОМАИ АКСИЯИ ТОЗОГӢ СОҲИЛ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Санаи 04 сентябри соли ҷорӣ дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Фархор Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Тозагии соҳил вазифаи мо ҷавонон” бо ҷалби аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”, волонтёрон ва масъулини соҳаи тандурустии ноҳия идома дода шуд.Ҳашарчиён корҳои тоза намудани гирду атрофи кӯчаи Сангак Сафарови Ҷамоати шаҳраки Фархорро ба иҷро расониданд. Ҳамаи партовҳои ҷамъовардашуда дар борхалтаҳои полителенӣ бардошта шуда, тариқи техникаҳои зарурӣ ба партовгоҳи берун аз ҳудуди шаҳрак бурда шуданд.