ҲОЛАТИ ҲУҶҶАТГУЗОРИИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Рӯзи 4-уми сентябри соли ҷорӣ бо мақсади дидан намудани ҳолати ҳуҷҷатгузорӣ ва муътадил намудани ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор аз ҳолати ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Осоишгоҳи “Насими Фархор” дидан намуданд. Зимни санҷиш маълум гашт, ки ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилоти мазкур хуб ба роҳ монда шудаас. Масъулин ҳар моҳ ба Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ҳисоботҳои оморӣ пешниҳод менамоянд. Дар масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ бошад ҳамаи ҷувзгирҳои зарурӣ тибқи талаботи Оинномаи ҲХДТ мавҷудан веле баъзе камбудиҳо ҳоло низ ҷой доранд, ки оиди бартараф намудани онҳо ба роҳбари ташкилот ва котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии  Осоишгоҳи “Насими Фархор” дастур дода шуд. Дар навбати худ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур ваъда доданд, ки камбуҳои ҷойдошта дар кутоҳтарин фурсат бартараф карда шуда, оид ба корҳои анҷомдодашуда дар ин самт ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ахбороти муфассал пешниҳод карда мешавад