АКСИЯИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “МАРКАЗӢ САЛОМАТӢ”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Вобаста ба иҷрои дастури раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба баргузории Аксияи ҳизбӣ зери унвони “Тозагии соҳил вазифаи мо ҷавонон” дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази саломатӣ”-и ноҳия ҳашари дастаҷаъмона боргузор карда шуд. Дар ин ҳашар масъулин дар назди бинои кории марказ корҳои назаррасеро аз қабили башклдарории дарахтон, тозанамудани новаҳои бетонии ҳудуди муассиса, тоза кардани гулҳои садбарг ва дарахтони ороиӣ, нарм намудани бехи дарахтон ва замини назди муассисаро ба иҷро намуданд.