АКСИЯИ ТОЗОГӢ БАРГУЗОР КАРДА ШУД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати иҷрои дастурур супоришҳои барқияи телефонии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба баргузории Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Тозагии соҳил вазифаи мо ҷавонон” бо ҷалби аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва масъулини соҳаи тандурустии ноҳия санаи 2 – сентиябри соли ҷори дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Фархор Аксияи мазкур доир карда шуд.Ҳамзамон, дар аксия нафарони дар боло зикршуда даъват карда шуда, дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии Ҷамоати шаҳраки Фархор корҳои тоза намудани гирду атрофи маҳалла баргузор карда шуд. Ҳамаи партовҳои ҷамъовардашуда дар борхалтаҳои полителенӣ бардошта шуда, тариқи техникаҳои зарурӣ ба партовгоҳи берун аз ҳудуди шаҳрак бурда шуданд. Инчунин, дар корҳои ободонию тозаги волонтиёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор низ фаъолона иштирок намуданд.