НАСБИ ПАНҶАРАҲО ДАР ГИРДУ АТРОФИ МТМУ №13

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими нозоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон ва ҳамзамон ҷиҳати иҷрои амалиёти “Мактаби ман” бо саҳми хатмкунандагони сину соли гуногуни ин даргоҳ корҳои сохтмонии ва насбу васли панҷараҳои оҳанин дар  гирду атрофи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 идома карда истодаанд. Корҳои азнавсозӣ ва рангу бори синфхонаҳои муассиса алакай ба анҷом расонида шудаанд.