РАФТИ КОҲОИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ ДАР МТМУ №44

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва дар яке аз Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар қайд намуданд, ки “Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳалқаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд гардонем” Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44 ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани гуфтаҳои Пешвои миллат бо ташаббуси аъзои фаъоли ҲХДТ дар ноҳиияи Фархор ва дастгирии молиявии асосиатсияи падарони муодарон ва шахсони саховатманди деҳаи Бунавшаи Ҷамоати деҳоти Дарқад бахшида ба истиқболи соли нави хониш корҳои таъмиру азнавсозӣ рафта истодааст. Масъулин қимси зиёди корҳоро дар синфхонаҳо ба анҷом расонида, ҳоло ба тозаву озода намудани гирду атрофи муассиса ва ороиши синфхонаҳо барои истиқболи хонандагон саргарми коранд.

Инчунин ногуфта намод, ки дар паҳлуи муассиса сохтмони синфхонаҳои иловагӣ барои 100 нафар хонанда рафта истодааст.