ОМОДАГИҲО БО СОЛИ НАВИ ХОНИШ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Омузгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 – и ноҳияи Фархор доираи нақша ҷорабиниҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” оиди дар сатҳи баланд истиқбол намудани Рузи дониш корҳои омодагиро дар саҳни ҳавлии муассиса ва синфхонаҳо дода истодаанд. Омӯзгорони муассисаи мазкур барои қабул намудани хонандагон дар соли таҳсили 2023 -2024 омодаанд.Зимни суханронӣ Директори муассиса оид ба масъалаҳои азнавсозӣ ва таъмиру тармими биноҳои муассисаҳои таълимӣ, бартараф намудани камбудиҳо, таҷҳизонидани муассиса таълимӣ бо асбобу айёниятҳои зарӯрӣ, харидории компютер, таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони ихтисосманд, барҳам додани фаъолияти омӯзгорони ғайрисоҳавӣ ва ғайриихтисос, ташкилу баргузории аттестатсияи такрорӣ, қабул ба зинаи сеюми таҳсилот, пешгирии ҷинояткорӣ, худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ, тайёрӣ ба фасли сармо ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи ибрози андеша намуданд.