МУМФАРШКУНИИ РОҲҲО ИДОМА ДОРАНД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Корҳои ободонӣ ҳамарӯза дар ноҳияи Фархор дар доираи нақша чорабиниҳои омодагӣ ба истиқболи сазовари ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати тоза касб намуда, бо маром идома дорад. Мақсад аз роҳандозӣ намудани корҳои ободу зебо намудани симои шаҳраки Фархор ва марказҳои маъмурии ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ин барои боло бурдани маърифати шаҳрдори, зебогипарастӣ ва ватандӯстӣ дар дили сокинони ноҳия ва ба васила ҷалби ҳарчи бештари сайёҳону меҳмонон ба ноҳияи Фархори бостони мебошад.Айни замон корҳои таъмиру азнавсозии роҳҳои автомобилгарди ҳудуди ноҳия бо маром ҷараён дорад. Роҳсозони ноҳия роҳи автомобилгарде, ки Ҷамоатҳои деҳоти Хутан ва Истиқлолро ба шаҳраки ноҳия мепайвандад дар масофаи зиёда аз 2,5 км мумфарш намуданд. Корҳои азнавсозӣ дар ин самт идома дошта масъулин нияд доранд, ки то баргузории ҷашни таърихии миллати тоҷик 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми роҳҳои фарсудаи ҳудуди ноҳияро азнавсозӣ намоянд.