КОРҲОИ СОХТМОНУ АЗНАВСОЗӢ АНҶОМ МЕЁБАД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 бо ташаббус ва корбарии масъулини муассиса корҳои таъмиру азнавсозӣ ва рангу бор намудани мизу курсҳо, деворҳои гирду атроф ва синфхонаҳои мактаб бо анҷом дода шуд. Корҳои ободони бо дастгирии асотсиатсияи падару модарони ва шахсони саховатманди деҳа дар доираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маоириф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Мактаби ман” амали шуда истодаанд. Айни замон масъулини муассиса ба корҳои омодагӣ ба Рӯзи дониш банд буда саҳни мактаб ва дар синфхонаҳои омодашуда айёнияти таълимиро насб намуда истодаанд.