АНҶОМИ СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Корҳои таъмиру азнавсозӣ ва сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаи таълимии №25 ба охир расонида шуд. Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар доираи амалиёти “Мактаби ман” аз тарафи сокинони саховатманди деҳаи Гулшани Ҷамоати деҳоти Гулшан ва хатмкунандагони сину соли гуногуни ин даргоҳ роҳандозӣ шуда буд. Корҳои таъмириро бо тариқи ҳашар омӯзгорони муассисаи мазкур ба анҷом расонида истодаанд. Айни замон корҳои рангу бори қисми берунии бинои муассиса ва насби шиору овезаҳо барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Рӯзи дониш бо маром ҷараён дорад.