КОРҲОИ ОБОДОНИ БА ИСТИҚБОЛИ 35- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳудуди ноҳияи Фархор ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳакимитаи давлатии ноҳия оид ба омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои обонӣ ва сохтмону азнавсозии иншоотҳои гуногуни соҳаи маорифи ноҳия бо маром идома доранд.Дар доираи наша чорабиниҳои мазкур бо саҳмгузорӣ аъзои фаъоли ҲХДТ ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани амалиёти муштараки “Мактаби ман” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61 – и ноҳия корҳои ободони рафта истодаанд. Ин навбат масъули мақсад доранд, ки девори гирда атрофи муассисаро азнавсози намоянд. Дар ин кори сахми хатмкунандагони сину соли гуногуни муассиса беназир аст.