КОРҲОИ АЗНАВСОЗӢ ДАР ГИМНАЗИЯИ ДАВЛАТИИ №2

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Гимназияи давлатии №2 - ноҳия бо саҳмгузории аъзои фаъоли ҲХДТ ва асотсиатсияи падару модарон корҳои таъмиру азнавсозии сифхонаҳо идома дошта, то имрӯз алакай аксари синфхонаҳои муассиса аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. То оғози соли хониши нав қисмати рануборнамоии деворҳои иҳотавӣ таъмир карда мешаванд. Айни ҳол барои анҷом додани корҳои таъмиру азнавсози қисмати берунии синфхонаҳо дар муассисаҳо ҳамаи маҳсулоти сохтмонӣ дастрас буда, корҳо бо маром ҷараён доранд. Корҳои азнавсозӣ ва рангу бори муассисаро дар доираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими нозоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон роҳандози карда шуда истодааст.