ТАЪМИРИ МАКТАБҲО БО САҲМИ АЪЗОИ ФАЪОЛИ ҲИЗБ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и Ҷамоати деҳоти Гулшан бо саҳмгузории аъзои фаъоли ҲХДТ ва асотсиатсияи падару модарон корҳои таъмиру азнавсозии сифхонаҳи иловагӣ рафта истодааст, то имрӯз алакай синфхонаҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. Қисмати рануборнамоии деворҳои берунаи бинои муассиса рафта истодааст. Айни ҳол барои  анҷом додани корҳои таъмиру азнавсози қисмати берунии синфхонаҳо дар муассиса ҳама намуди маҳсулоти сохтмонӣ дастрас буда, корҳо бо маром ҷараён доранд.