КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бобати омодагӣ ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлати кишвар аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти тарғибу ташвиқ ва ҷалби фаъолон ба корҳои созандагӣ ҳадафмандона фаъолият доранд. Ҷиҳати омодагӣ ба мавсими нави соли хониш ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии “Саховат” ба корҳои ободонӣ баромада, гирду атрофи биноҳои муассисаи таълимиро рангубор намудаистодаанд.Корҳои азнавсозӣ ва рангу бори муассиса дар доираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими нозоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон роҳандози карда шудаистодааст. Фаъолони ҳизбӣ то имрӯз қисми синфхонаҳоро аз таъмири ҷорӣ бароварда дар боқимонда синфхона ба иваз намудани дару тирезаҳо машғуланд.