ОМОДАГИҲО БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия бо  саҳмгузории аъзои фаъоли ҲХДТ ва асотсиатсияи падару модарон корҳои таъмиру азнавсозии сифхонаҳо рафта истодааст, то имрӯз қисми зиёди синфхонаҳои муассисаҳои таълими ноҳия аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. То охири ҳафта қисмати рануборнамоии деворҳои иҳотавӣ ба анҷом расонида мешаванд. Айни ҳол барои анҷом додани корҳои таъмиру азнавсози қисмати берунии синфхонаҳо дар муассисаҳо ҳамаи маҳсулоти сохтмонӣ дастрас буда, корҳо бо маром ҷараён доранд. Корҳои азнавсозӣ ва рангу бори муассисаҳо дар доираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими нозоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон роҳандози карда шуда истодааст.