АЁДАТИ ПИРОНУ БАРҶОМОНДАГОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ба ғамхори фаро гирифтани қишри ниёзманди аҳолӣ ба хусус маъюбону калонсолон, собиқадорон ва шахсони камбизоат яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин баҳри дастгирии ин қишри аҳолӣ дар асоси дастуру супоришҳои ҳамешагии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иду ҷашнвораҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ашхоси маъюбу камбизоат ва ятим аёдат ва ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи кории назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ба аёдати чанде аз пирону барҷомондагони ҷамоатҳои шаҳраку днеҳоти ноҳия рафтанд.Дар ҳудуди ноҳия, маъюбон, калосолон, ниёзмандон ва ҷавонони маъюб таҳти назорати ҳамешагии аъзо Раёсати Кумитаи иҷроияи вилояти ва ноҳиявии ҲХДТ раиси ноҳияи Фархор Назирӣ Зариф Вализода қарор доранд ва пайваста аз ҳолу аҳвол ва мушкилоти онҳо хабардоранд.