ДАР АМАЛ ТАТБИҚ НАМУДАНИ СТРАТЕГИЯҲОИ ДАВЛАТӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи татбиқи сиёсати Раиси муаазами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи ташаббусҳои ҳизбӣ бобати вусъат додани корҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси фаъолони ҳизбӣ - аъзои Раёсати вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Фархор Назирӣ Зариф Вализода ва ҷалби соҳибкорони ватанӣ дар маркази шаҳраки Фархор роҳҳои дохили мумфаш карда мешаванд. Айни ҳол корҳои созандагию бунёдкорӣ оғоз гардида, бомаром ҷараён доранд. Мариди тазаккур аст, ки ингуна корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ дар самти мумфарш кардани роҳҳои ҳудуди ноҳия бо ҷалби фаъолони ҲХДТ бо истифода аз рӯзҳои мусоид бомаром ҷараён доранд.