ИДОМАИ ҲАШАРҲОИ ДАСТАҶАЪМОНА

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар пайравӣ ба иқдомҳои доимии бунёдкориву ободонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои супориши аъзои КУмитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Фархор муҳтарм Назирӣ Зариф Вализода дар мавриди пайваста ташкил намудани ҳашар-шанбегиҳо бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тозаву обод нигоҳ доштани муҳити атрофи коргоҳ, дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҳашарҳо гузаронида мешаванд. Санаи 15 августи соли ҷони шанбегии навбатӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 ҷиҳати идомаи анъанаҳои наҷиби ниёгонамон дар мавриди беҳдошти муҳити зист, тоза нигоҳ доштани муҳити атроф, доир карда шуд.Дар корҳои ободонӣ устодони муассисаи мазкур сарҷаъмона ба ҳашар баромада, дар тоза кардани саҳни назди ҳавлӣ аз алафҳои бегона ва худрӯй саҳми худро гузоштанд. Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳои мазкур аз як ҷониб омодагии ҳамаҷониба ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои давлатӣ буда, аз ҷониби дигар воситаи хуби тарбияи хештаншиносӣ ва баланд бардоштани ҳисси эҳтироми хонандагон ба зебогиҳои табиату муҳити атрофи Ватани азизамон маҳсуб меёбад.