СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ДАР ДОИРАИ АМАЛИЁТИ МУШТАРАК

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

  Дар муассисаи таҳсилоти итидоии №54-и Ҷамоати деҳоти Ватан бо саҳмгузории аъзои фаъоли ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии “Меҳровар” сохтмони сифхонаҳои иловагӣ аввалҳои моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз гардида буд. Айни замон бино бо дарбаргирии ду синфхонаи барҳаво ва утоқи кории омӯзгорон омода буда, устоҳо ба васлу насби боми бино, дар ва тирезаҳо машғуланд. Ҳамаи корҳои сонхтмониро аъзо ва ҷонибдорони ҳизб бо роҳи ҳашар ба роҳ мондаанд, ҳамаи кушиши худро ба он равона сохтаанд, ки то саршавии соли нави хониш синфхонаҳои иловагиро ба анҷом расонанд.