БА ИСТИБОЛИ 35- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳакимияти давлатии ноҳияи Фархор оид ба омодагиҳо ба таҷлили сазовори ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон, бо дастури аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода корҳои созандагию азнавсози дар ноҳия бо маром идома доранд. Масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фарҳанг” иқдом намуданд, ки бинои Китобхонаи марказии ноҳияро аз нав рангу бор намуда, намуди зоҳии биноро ба талаботи замон мувофиқ намоянд. Бинои Китобҳонаи марказии ноҳия маҳсули даврони соҳибистиқлолии кишвар буда дар соли 2013 ҳангоми сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомулӣ Раҳмон ба ноҳия Фархр ба истифода дода шудааст. Инчунин бинои мазкур дар макази ноҳия ҷойгир буда, ба ҳуни шаҳрак симони дигар зам мекунад.