АЗНАВСОЗӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №64 бо ташаббус ва корбарии масъулини муассиса корҳои таъмиру азнавсозӣ ва рангу бор намудани мизу курсҳо ва деворҳои гирду атроф ва синфхонаҳои мактаб бо маром идома дорад. Корҳои ободони бо дастгирии асотсиатсияи падару модарони ва шахсони саховатманди деҳаи Навобод дар доираи амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маоириф ва илми Ҷумҳурии тоҷикистон зери унвони “Мактаби ман” амали шуда истодаанд. То имрӯз кисми зиёди синфхонаҳо аз таъмир бароварда шуда мизу курсиҳо ранг карда шудаанд.