КИШТИ ТАКРОРИРО ВАСЕЪ ҶОРӢ КУНЕМ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб дар партави сиёсати инсондӯстонаю ватанпарастонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмони, мудири шаъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар маҳаллаи №1 шаҳраки Фархор бо мақсади ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти самарнок истифода бурдани замин, истеҳсоли маводи ғизоии кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо сӯҳбату вохуриҳо гузарониданд.Ҳамзамон дар идомаи коҳои фаҳмондадиҳи масъултин иброз доштанд, кишоварзӣ яке аз соҳаҳои сердаромадтарини мамлакат ба ҳисоб рафта, дар ҳама фасли сол дар бархе аз минтақаҳои ноҳия сокинон заминҳои наздиҳавлигии худро самаранок истифода мебаранд. Кӯшиш доранд, ки ҳар ваҷаб заминро хуб истифода намуда, ба ин васила бозорҳои ноҳияро бо сабзавоти тару тозаи ватанӣ таъмин намоянд. Имрӯзҳо сокинони меҳнатқарини Ҷамоати шаҳрак ва деҳоти ноҳияи кӯшиш доранд, ки аз замини дар ихтиёрдоштаи худ ду – се ва зиёда аз он ҳосили дилхоҳ ба даст оваранд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба ин роҳ даромади оилавии худро таъмин намуда, баҳри пешрафти рӯзгори худ ҳиссаи худро гузоранд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр доштанд, ки «Мо бояд маданияти заминдориро ба таври қатъӣ баланд бардорем, яъне муносибати худро нисбат ба замин, об ва дигар захираҳои табиии кишварамон куллан тағйир диҳем, ба холӣ мондани заминҳои корам роҳ надиҳем, аз ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода карда, аз заминҳои обӣ гирифтани се ва ҳатто чор ҳосил, яъне кишти такрориро васеъ ҷорӣ кунем ва ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем».

Инчунин, аз тарафи масъулин ба сокинон маводҳои таблиғоти ва брошураҳо тақдим карда шуд.