КОРҲОИ ОБОДОНИ ДАР ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ФАРХОР

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Қобил ба тазаккур аст, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагиии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Фархор корҳои созандагиву ободонӣ босуръат идома дошта, дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия бо пуштибонӣ аз сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иншоотҳои гуногуни маишӣ сохта ба истифода дода шуда истодаанд. Бо дастури аъзои Кмитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода санаи 11- 12 –уми августи соли ҷорӣ дар Ҷамоати шаҳраки Фархор аз тарафи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, сокини шаҳрак ва командони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ шамбегии умуминоҳиявӣ баргузор карда шуд . Иқдоми мазкур дар заминаи сиёсати созанда ва ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гашта, дар тозагӣ ва ободии ноҳия нақши азранда хоҳад дошт.