КОРҲОИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ ДАР МТМУ №1

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 –и ноҳия бо  саҳмгузории аъзои фаъоли ҲХДТ ва асотсиатсияи падару модарон корҳои таъмиру азнавсозии сифхонаҳо идома дорад, то имрӯз алакай аксари синфхонаҳои муассиса аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. Айни ҳол барои анҷом додани корҳои таъмиру азнавсози қисмати берунии синфхонаҳо дар муассиса ҳамаи маҳсулоти сохтмонӣ дастрас буда, корҳо бо маром ҷараён доранд. Корҳои азнавсозӣ ва рангу бори муассиса дар доираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими нозоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон роҳандози карда шуда истодааст.