КОРҲОИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ ДАР МАКТАБҲО

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и ноҳия бо  саҳмгузории аъзои фаъоли ҲХДТ ва асотсиатсияи падару модарон корҳои таъмиру азнавсозии сифхонаҳо оғоз гардида буд, то имрӯз алакай аксари синфхонаҳои муассиса аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. Рануборнамоии деворҳои иҳотавӣ ва синфхонаҳо ба охир расонида шудааст. Корҳои азнавсозӣ ва рангу бори муассиса дар доираи амалиёти муштараки “Мактаби ман” роҳандози шуда, корҳои назаррасе ба иҷро расонида шуда истодааст.