СУҲБАТУ МУЛОҚОТҲОИ ГУРӮҲИ КОРӢ БО СОКИНОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 10 - августи соли ҷорӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оиди баргузории корҳои фаҳмонидадиҳи миёни аҳолӣ оид ба ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули  «хона ба хона» дар якҷоягӣ бо масъулини Маркази ташакули тарзи ҳайёти солими ноҳия дар ҳудуди маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки Фархор гардиш доир намуданд.Кормандони ҳизбӣ дар ин рӯз бо зиёда 260 нафар сардорони оилаҳо суҳбат намуда, ба онҳо маводҳои таблиғотӣ оид масъалаҳои болозикр тақсим намуданд.Ҳамзамон ҷиҳати баргузории корҳои ободони аз сокинони ноҳия хоҳиш карда шуданд, ки дар рӯзҳои мусоид шамбегию ҳашарҳои дастаҷамъонаро дар ҳудуди маҳалаҳояшон роҳандозӣ намоянд.