ИДОМАИ СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ДАР МТМУ №13

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими нозоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон ва ҳамзамон бо дастгириҳои аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 идома карда истодаанд. Корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагии муассисаи мазкур бо саҳми хатмкунандагони сину соли гуногуни ин даргоҳ дар доираи амалиёти “Мактаби ман” роҳандозӣ шуда истодааст. Айни замон корщои сохтмонь дар ошёнаи дуюм рафта истодааст. Барои идома додани корҳои дигари сохтмонӣ масолеҳи сохтмонӣ омода мебошад. Корҳҳои сохтмонӣ бо тариқи ҳашар ва ыалби сохтмончиёни деҳаи Навобод, ки хатмкунандагони ҳамин даргоҳ мебошанд амали карда мешаванд.