СЕМИНАР - МАШВАРАТИ ОМУЗИШӢ БО ОМУЗГОРОНИ МТМУ №4

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша ҷорабиниҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” дар ноҳияи Фархор гурӯҳи кори шуъбаи маорифи ноҳия дар муассисаҳои таълимӣ семинар – машваратҳои омузишӣ бо омузгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 баргузор карда истодаанд.Дар семинар масъулин оид ба масъулин оид ба масъалаи низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия суханронӣ намуда иброз доштанд, ки  тарбияи насли наврас, махсусан ҷавонон, яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти мардуми ҷаҳони муосир ба шумор рафта, аз ҳалли дурусти он пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мардуми давлатҳои дунё вобастагии калон дорад. Консепсияи миллии тарбия сиёсати кунунӣ ва дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллии оммаи васеи аҳолӣ, махсусан насли наврас, таълиму тарбияи фарзанд муайян месозад. Он моҳият, мақсаду вазифаҳо ва мазмуни тарбияи миллиро дар марҳилаи нави таърихӣ ба танзим оварда, нақш ва мақоми онро дар ташаккули шахсияти инсони комил муайян мекунад, ки яке аз вазифаҳои муҳими имрӯзу ояндаи давлат ва ҷомеа дониста мешавад. Тарбияи наврасону ҷавонон, вазифаи ҳар як фарди ҷомеа ва муассисаву ниҳодҳои иҷтимоӣ мебошад. Барои он ки қонуну тартиботи ҷамъиятӣ то меъёри муайян риоя карда шавад, бояд робитаи падарону модарон ба он ниҳодҳои иҷтимоие, ки фарзандонашон дар онҳо таҳсил доранд, мустаҳкам карда шавад. Ин амал, агар аз як тараф ба кам шудани сатҳи ҷиноят дар байни наврасону ҷавонон мусоидат кунад, аз тарафи дигар, ба риоя шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» оварда мерасонад. Дар ин самт суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши созанда ва бунёдкорона дорад: «Имрӯз, ки мо зери парчами Ватан ва давлати соҳибистиқлол гирд меоем, бояд, пеш аз ҳама, ҷавонони мо мазмуну моҳияти арзишҳои истиқлолият, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдату ягонагии миллатро аз худ намоянд».