ТАРҒИБИ САМТҲОИ АФЗАЛИАТНОКИ ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Рӯзи 8 августи соли ҷорӣ  масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягӣ бо гуруҳи кории назди кумитаи иҷроия дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Фархор бо усули “хона ба хона” оид ба тарбияи ҳарби ватандӯстии ҷавонон, ҷалби сокинон ба кор дар НБО Роғун ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ корҳои фаҳмондадиҳори ба роҳ монданд.Масъулин ҳангоми сӯҳбат иброз доштанд, ки риояи ҳатмии роҳу усулҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз қабили усулҳои ҳатмии воситаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ, маслиҳатҳои муфид доданд.Инчунин гуфта шуд, ки ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва волоияти қонун дар мамлакати мо бештар аз сатҳи маърифати шаҳрвандӣ ва тарбияи ватандӯстӣ вобаста аст. Имрӯз муносибатҳои як шаҳрванди Тоҷикистон бо давлат ва ҷомеа куллан тағйир меёбад. Вай имкониятҳои бузург барои дарк намудани худ ҳамчун шахси мустақил дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт пайдо кард ва ҳамзамон масъулиятро барои тақдири худ ва тақдири одамони дигар афзоиш дод. Дар чунин шароит, ватандӯстӣ арзиши гаронеро, ки на танҳо ҷанбаҳои иҷтимоӣ, балки рӯҳонӣ, маънавӣ, идеологӣ, фарҳангӣ-таърихӣ, низомӣ-ватандӯстӣ ва дигар ҷанбаҳоро фаро мегирад.Ҳамзамон, ба аҳоли варақаҳои тарғиботи дар масъалаҳои болозикр тақсим намуданд.