БАРГУЗОРИИ КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

  Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизб корҳои тарғиботиро бо оид ба масъалаҳои ҷалби сокин ба кор дар НБО “Роғун”, тарбияи ҳарби ватандустии шаҳрвандон, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар масъалаҳои мубрам бо усули “хона ба хона” дар ҳудуди ноҳия роҳандози намуданд.  Зимни вохӯрӣ бо аҳолӣ масъулин оиди самаранок истифода бурдани заминҳо, сарфаю сариштакорӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзим анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ва тарбияи ҳарби ватандустии шаҳрвандон суханронӣ намуданд. Инчунин, гуфта шуд, ки дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Ситоди корӣ оид ба таъмин намудани ширкатҳои сохтмонии ҶСК “НБО Роғун” бо кадрҳои коргарӣ дар якҷояги бо Агенти шуғли аҳолӣ ва меҳнат дар ноҳия фаъолият менамояд. Ситоди мазкур дар сатҳи ноҳия бо мақсади тақвияти ҷалби кормандон ба ҶСК “НБО Роғун” ва бокортаъминкунии шаҳрвандон тариқи роҳхатҳои ҳизби таъсис дода шудааст, ки сокинон метавонанд муроҷиат намоянд ва тариқи роҳхатҳои ҳизби ба кор фиристода шаванд.

         Оид ба дигар масъалаҳо ба сокинон маводҳои таблиғотӣ тақси намуданд.