САНҶИШИ ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизб оид ба баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва бо ин васила муайян намуданӣ мавҷудиятӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар доираи Амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман” масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор шаҳоданомаҳои аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи марказӣ”-ро аз назар гузарониданд.Дар натиҷаи аз назар гузоронии шаҳодатномаҳои ҳизбӣ маълум гашт, ки ҳамаи аъзои ташкилот шаҳодатномаҳои ҳизбӣ доранд вале дар баъзеи онҳо камбудиҳо дида мешаванд. Масъулини Кумитаи иҷроияи камбудиҳои дар шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ҷойдоштаро бартараф намуда, ба котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дастур доданд, ки минбаъд ҳар моҳ шаодатномаҳои ҳизбиро ҷамоварӣ намуда ба Кумитаи иҷроия барои синҷиш пешниҳод намоянд. Ҳамзамон, ҳаракати аъзои ҳизби ташкилоти мазкур ба танзим дароварда шуда, ҳар моҳ ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҳисоботҳои оморӣ пешниҳод менамоянд.