ТАЪМИРИ МАКТАБҲО БО САҲМИ АЪЗОИ ФАЪОЛИ ҲИЗБ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и Ҷамоати шащраки Фархор бо саҳмгузории аъзои фаъоли ҲХДТ ва асотсиатсияи падару модарон корҳои таъмиру азнавсозии сифхонаҳо оғоз гардида буд, то имрӯз алакай  аксари синфхонаҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. Масъулин мақсад доранд, ки дар фурсатҳои кутоҳтарин ва бо сифати баланд корҳои боқимондаро ба иҷро расонанд.  Рануборнамоии деворҳо ва таъмир мизу курсиҳо алакай ба анҷом расонида шудаанд. Айни ҳол барои  анҷом додани корҳои таъмиру азнавсози қисмати берунии синфхонаҳо дар муассиса ҳама маҳсулоти сохтмонӣ дастрас буда, корҳо бо маром ҷараён доранд.