ИБТИКОРОТИ СОЗАНДА ВА ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ БАРНОМАВӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар доираи силсила чорабиниҳои бунёдӣ ва сохмонӣ ба истақболи 35- солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия як қатор корҳои созандагӣ, сангфарш кардани  роҳҳои маҳалии байди деҳаҳо, мумфарш кардани роҳҳои асосии дохили ноҳия ва маҳаллаҳо сомон дода шуда, инчунин дар дигар ҷабҳа бо маром ҷараён доранд.   Дар ин самт дар ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия қисми роҳҳои автомобилгард мумфарш карда шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.Дар марҳилаи нави созандагию бунёдкори ба ҳар як сокин, шаҳрванд ва узви ҷомеа фаҳмонида мешавад, ки ба масъалаи таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода нигоҳ доштани  муҳити зист, зебо гардонидани кучаву хиёбонҳо  рисолати шаҳрвандӣ буда, мароми ҳамешагии шаҳрванӣ бошад.