БУНЁДИ МАЙДОНЧАҲОИ ВАРЗИШИ ТАҲКИМБАХШИ САЛОМАТИИ ҶОМЕА ВА МАСИРИ ДУСТӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар марҳилаи нави рушди давлатдори миллӣ ҲХДТ ҳамчун як ниҳоди сисёсии ҷомеа фаъолони ҳизб, соҳибкорону саховатмандон ва табақаҳои мухталифи ҷомеаро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷалб намуда, раванди созандагиро вусъати тоза мебахшад. Дар ин самт дар доираи татбиқи корҳои хайру сахо ва ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва такмил додани инфрасохтори соҳаҳои иҷтимоӣ мунтазам корҳои хайр ва ҳасана сомон дода мешаванд. Дар ин самт бобати ба варзиш ҷалб намудани ҷовонону наврасон, таҳким ва рушди солимии ҷомеа, оммавигардонии варзиш як зумра майдончаҳои  варзишӣ сохта ба истифода дода шуда, бунёди корҳои  созандагӣ дар ин самт ҷараён доранд ва ба оммавигардонии варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим диққати аввалиндараҷа дода мешавад.  Дар самт нигоҳдорӣии онҳо, самаранок истифодабарии он,  тармим ва ҷиҳозонидан бо лавозимоти зарурӣ ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он масъулият ҳамешагист. 

Дар ин самт фаъолони ҳизбӣ ва ҷонибдорони ҲХДТ дар доираи сиёсати варзишпараваронаи Президенти кишвар як қатор майдончаҳои вазиширо бунёд намуданд ва мавриди баҳррабардорӣ қарор доданд. Инчунин, як майдончаи варзишии замонави дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи шаҳраки Фархо бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ сохта ба истифода дода шудааст.