КОРҲОИ ТОЗАГИИ МАҲАЛ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАНД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода ҷиҳати тоза намудани маҳаллаҳои аҳолинишин ва паҳлуҳои шоҳроҳи ноҳия бо ҷалби сокинон, омузгорони муассисаҳои таълимӣ ва техникаҳои зарурӣ дар Ҷамоати деҳоти Фархор корҳои тоза озода нумудани муҳити зист дар доираи аксияи умуминоҳиявии “Тозаги гарави саломатист” бо маром рафта истодааст. Дар иқдоми пешгирифтаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сокинони сарбалани Ҷамоати деҳоти Фархор иштироки фаъолона намуда, барои боз ҳам тозаву озода намудани маҳали зисташон аз ҳамаи имкониятҳо самаранок истифода мебаранд.