ИДОМАИ КОРҲОИ АЗНАВСОЗӢ ДАР ГИМНАЗИЯИ ДАВЛАТИИ №1

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташабуси директори Гимназияи давлатии №1-и ноҳия дар доираи аксияи “Мактаби ман” ва нақша чорабиниҳои шуъбаи маорифи ноҳия ҷиҳати омодаги ба соли нави хониш корҳои ободони дар гирду атроф ва азнавсозию рангру кардани деворҳо ва мизу курсиҳои муассиса рафта истодааст. Корҳои ободони бо саҳмгузории асосиатсияи падарону модарон ва хатмкунандагони собиқи ин даргоҳ роҳандози шуда истодаанд. Ҳамзамон ногуфта намонад, ки қисми зиёди корҳо алакай анҷом дода шуда корҳои боқимонда то ҳафтаҳои аввали моҳи август ба анҷом мерасанд..