ИДОМАИ КОРҲОИ ТАРҒИБОТИ ДАР МАҲАЛ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Санаи 26 июни соли ҷорӣ дар доираи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба баргузории корҳои тарғиботӣ дар якҷоягӣ бо аъзои гурӯҳи кории назди кумитаи иҷроия дар ҳудуди ноҳия бо усули “хона ба хона” гардишҳо роҳандозӣ карда шуданд.Дар ин рӯз аз тарафи масъулин оид ба масъалаҳои, ҷалби сокинон ба кор дар НБО Роғун, тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстии ҷавонон ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва дигар масъалаҳои мубрам суханронӣ намуданд.  Ҳамзамон, масъулин аз ҳосили ҷамъовардаи сокинони заҳматкаш дидан намуда ба онҳо маводҳои таблиғотӣ ва брошураҳо оид ба мавзӯҳои болозикр тақсим карда шуд.