БАРГУЗОРИИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳо ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барои ободу зебо гардонидани маҳалҳо, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои ноҳия, гулгашту майдонҳо ва ҷиҳати мутантан истиқбол гирифтани ҷашни 35 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ санаи 25 – уми июли соли ҷорӣ дар шоҳроҳи асосии ноҳия, кормандони ташкилоти ибтидоии “Ҳайёти солим” ва гуруҳи хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар аксияи умуиноҳиявӣ зери унвонӣ “Тозагӣ гарави саломатӣ”  дастаҷамъона иштирок намуданд.Ҳамзамон, ин маъракаи муҳим, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар арафаи ташрифи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Фархор мебошад, иштирчиён  бехи дарахтонро нарм карда, партовҳои дар ду тарафи роҳбударо ҷам намуда бо тариқи техникаҳои зарурӣ кашониданд, новаҳои бетонии обгузари сари роҳ аз партовҳо тоза карданд. Ҳамазамон қайд менамоем, ки мутобиқи нақшаи корҳои созандагию ободкорӣ, бо мақсади ободу зебо ва тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуди ҳудуди ноҳия шанбегиҳо пайваста роҳандозӣ карда мешаванд.