БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ “ТОЗАГӢ ГАРАВИ САЛОМАТӢ” ДАР ШАҲРАКИ ФАРХОР

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим”  дар ҳамдастӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, бахши кор бо занон ва оила, масъулини мактаби варзишии ноҳия, хадамоти санитарию эпидемиологӣ шуъбаи маориф ва ҷамоати шаҳраки Фархор аз чор тарафи ҳудуди шаҳрак бо иштироки сокинону ҷавонон, волонтёрон ба аксияи тозагӣ баромада кучаву роҳравҳо, новаҳои бетонӣ, гулгашту гузаргоҳҳоро тозаву озода намуданд. Зимни баргузории аксияи марзкур иштирокчиён бо либосҳои ягона дар борҷомаҳои махсус партовҳо, баклашкаҳо, қоғазпораҳо ва дигар партовҳои сарироҳро ҷамъоварӣ намуда, дар як ҷойи махсуси муайяншуда мегузоранд ва масъулини Хадамоти коммуналӣ онҳоро бардошта мебаранд. Мақсад аз баргузории аксияи мазкур вусъат додани корҳои тозагию ободони ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар арафаи ташрифи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Фархор мебошад.