МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО АҲОЛӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар толори маҷлисгоҳи макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор бо иштироки аъзои раёсати кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор, муовини раиси ноҳияи Фархор Раҳматулозода Дилбар ва раси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Вализода Муҳаммад дар мавзӯи “Терариз ифротгарои доғи ҷомеа” мулоқот баргузор карда шуд.

Саравал Вализода Муҳаммад  ба сухан баромада иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла соҳаи хизмати давлатӣ,  ба дастовардҳои назаррас мушарраф гардид.Тарғиби идеологияи солими миллӣ ва ба ин васила пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ, ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ дар шароити мураккабу душвори ҷаҳони муосир ва равандҳои пуртазоди сиёсӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, садоқат ба миллат, Ватан ва Президенти кишвар, дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати созандаву муваффақи Асосгузори сулҳу ваҳдаи миллӣ  – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавзуҳое буданд, ки зимни ифтитоҳи курси мазкур таъкид гардидаанд.

Зикр гашт, ки бунёди ҷомеаи солим, вусъат бахшидани корҳои созандагию ободонӣ, нигоҳ доштани субботи сиёсӣ ва таҳкими амнияти давлатдорӣ мароми ҳар як хизматчии давлатӣ мебошад. Ва ба ин васила мо бояд дар умури сиёсии давлат нақши созгор гузошта, маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистодаро бо масъулияти баланди касби муваффақона анҷом диҳем. Инчунин, бобати омодагӣ ба сазовор ҷашн гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нақши худро гузорем таъкид шуд.

Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки Пешвои миллат нуқтаи болоии мафкураи миллиро ҳамчун самти асосӣ ва афзалиятноки фаъолияти тамоми ниҳодҳои давлативу ҷамъятӣ чунин муаррифӣ намудаанд: “Ҳадафи аслии мо расидан ба сатҳи шоистаи зиндагӣ ва шароити мусоиди иҷтимоӣ барои ҳар фарди ҷомеа мебошад”.

Ин ҳадафҳо ҳамчун идеяҳои олии миллат дар заминаи сулҳу субот ва ваҳдату якдилии тамоми халқи Тоҷикистон, фарҳанги таҳаммулгаро ва ҷаҳонгири тоҷикона, бо маърифат ва номусу шарафи тоҷикона, бо азму талошҳои пиру барнои ватан ва тоҷику тоҷикзабонони тамоми дунё ва бо иродаву раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст хоҳанд омад.

Зимни суханронӣ Раҳматулозода Дилбар оид ба масъалаи таълимоти ғайриқонунии диннӣ суҳбат намуда қад карданд, ки таҳилҳо собит менамоянд,ки ки бархе аз намояндагони руҳониён дар мавъизаю суханрониҳояшон аз таассуби динӣ ва ноогоҳӣ арзишҳо, урфу одати миллиро зери суол бурда, гузаштаи дурахшону пурифтихори халқи моро, ки таърихи чандҳазорсола дорад, инкор мекунанд. Бояд қайд кард, ки андешаҳои инсонбадбинона байни тарғиботчиёни мусулмон боис мегардад, ки ба обрӯи дини мубини Ислом рахнаи сахт занад. Тундгароии сахт шахси мағзи сараш шусташударо водор мекунад, ки дар симои мусулмонон на бародарони динӣ, балки душмани худро бинад. Агар салафӣ бошад, пайрави дигар мазҳабро, агар шиа бошад, суннимазҳабро бад мебинад ва омода мешавад, ки даст ба силоҳ барад ва ё ҳатто худро тарконад ва бо ҳамин гумон мекунад, ки шаҳид мегардад. Ин гурӯҳ бо пиндорҳои пӯч то ҷое дар ин кор пешрафт карда буданд, ки асосан хурофаро расмият мебахшиданд, кӯшиш менамуданд, инсонҳо дар нодонию ноогоҳӣ умр ба сар баранд. Барои онҳо ҳамеша дорои аҳамият буд, то мардумон дар нодонӣ ва роҳгумзадагӣ боқӣ бимонанд. Табиӣ аст, ки дар чунин маврид онҳо худ дар гирдоби хурофот ғуттаваранд. Ин тоифа гуруҳҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ дурӯғ мегӯянд, тақаллуб мекунанд ва бадтарин ҷиноятҳоро анҷом медиҳанд.Вале ҳеҷ гоҳ ин амалкардаҳои ваҳшонияти худро навъе аз ҷиноят намедонанд ва гӯё чунин вонамуд месозанд, ки ин ҳамаро ба хотири ризояти офаридгор анҷом медиҳанд. Маҳз ҳамин табақа бо сӯиистифода аз эҳсоси динии ҷавонони ноогоҳ, дар ҷараёни таълимоти худ, онҳоро нисбат ба гузаштагони худ, дар руҳияи бадбинӣ ба арзишҳо, суннатҳо ва урфу адати миллии мо тарбият карда, ин арзишҳоро барои як мусалмон нолозим ва ғайри қобили қабул муаррифӣ мекунанд.

Ҳамин тариқа намояндагони дин ва шахсони соҳибтаҷриба бо навбат ба сухан баромада фикру андешаҳои худро оид ба мавзуъ иброз доштанд.