РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИЮ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳудуди ноҳия дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи аъзои Кумитаи иҷроияи видоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон дар амал тадбиқ намудани амалиёти муштараки Вазорати маориф ва илими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷояги бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ дар доираи амалиёти “Мактаби ман” бунёду азнавсозии синфхонаҳо ва таҷҳизоти фарсудашуда бо корбарии маорифчиёни ноҳия ва ҷалби хамкунандагони сину соли гуногуни муассисаҳои таълимӣ ва шахсони саховатманду хайрхоҳи ноҳия корҳои сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ва рагу боркунии мизу курсиҳо, атрофи мактабҳо ва дигар корҳои ободонӣ рафта истодааст.