ГАРДИШҲО БО УСУЛИ ХОНА БА ХОНА

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Санаи 24 – июли соли ҷори  масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади баргузории корҳои фаҳмондадиҳи ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, тарбияи ҳарби ватандӯстии ҷавонон ва дигар масъалаҳои мубрами руз дар ҳудуди маҳаллаҳои ноҳия бо усули хона ба хона гардиш намуданд.Зимни вохури бо сокимнон оид ба масъалаҳои болозикр суханронӣ намуда, ба онҳо маводҳои таблғотӣ ва брошураҳо тақсим намуданд.Ҳамзамон оид ба тарбияи ҳарби ватандустии шаҳрвандон масъулин иброз доштанд, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 ин масъала низ таъкид гардид, ки:  “Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад”.Воқеан ҳам, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст қайд намуданд, зеро заминаи рушди ҳар як давлат ва ҷомеа ин дарки баланди ватандӯстӣ ва дар тафаккури шаҳрвандон эҷод намудани ҳисси садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватан мебошад.Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон рукни асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, заминаҳои меъёрии ҳуқуқии худро ҳанӯз аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) мегирад. Зеро дар моддаи 43 он пешбинӣ гардидааст, ки: “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”. Ҳамзамон ҷиҳати саривақт ва беталаф ғун доштани ҳосили пухтарасида ва кишти такрорӣ бо аҳолӣ мулоқот намуданда, ба онҳо варақаҳои тарғиботи тақсим намуданд.