ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ КОРҲОИ САХТМОНЮ АЗНАВСОЗӢ ИДОМА ДОРАНД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия бо ташаббус ва корбарии масъулини муассисаҳо азни замон корҳои таъмиру азнавсозӣ ва рангу бор намудани мизу курсҳо ва деворҳои гирду атрофи мактабҳо дар арафи анҷомёбист. Дар баробари ин бо кумак ва дастгирии асотсиатсияи падару модарони ва шахсони саховатманд ва кушишу дастгтриҳои Шуъбаи маорифи ноҳия дар доираи амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маоириф ва илми Ҷумҳурии тоҷикистон зери унвони “Мактаби ман” сохтмони зиёда аз 50 синфхонаҳои иловагӣ дар ҳудуди муассисаҳои таълимии ноҳия рафта истодааст. Масъулини мактабҳо ба таҳтил нигоҳ накарда ҳамарӯза аз рафти корҳо сохтмонию ободони дар муассисаҳо назорат мебаранд.