САҲМИ АЪЗОИ ҲХДТ ДАР ОБЁРИИ НОҲИЯ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

   Дар асоси дастуру супоришҳои аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода ҷиҳати тоза намудани каналу заҳбурҳои ҳудуди ноҳия бо ҷалби техникаҳои зарурӣ дар Ҷамоати деҳоти Дарқади ноҳияи Фархор корҳои тоза карданӣ каналҳои обгузар ҷараён дорад. Масъулин дар масофаи зиёда аз 1 км канали асосии обгузари деҳаро, ки қисми зиёди аҳолӣ ва заминҳои хоҷагидорон аз он обёрӣ мешаванд аз тагшинҳо тоза кардаанд. Иқдоми пешгирифтаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сокинони сарбалани деҳаи Муҳоҷирободро барои боз ҳам беҳтар намудани корҳо дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ дилгарм намуда онҳоро водор месозад, ки заминҳоро самаранок истифода баранд ва дар амнияти озиқавории ноҳия саҳмгузор бошанд.